Имрӯз, 23-юми март, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт мулоқоти кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар бо директорони дастаҳои Лигаҳои олӣ ва якум ва сардорони фан-клубҳо сурат гирифт. Кори ҷаласа зери роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори генералии ЛФТ Сайвалӣ Шоқурбонов доир гашт.
Мақсади асосии ҳамоиш ин баррасии фаъолияти гурӯҳи мухлисони ашадии дастаҳо (фан-клубҳо), баргузории озмуни «Беҳтарин мухлиси сол» ва матраҳ намудани масъалаҳои ҷорӣ.
Дар асоси дастуру супоришҳои протоколии мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷомеаи футболии кишвар аз 3-юми ноябри соли 2023 ҳамаи бошгоҳҳои Тоҷикистон бояд баҳри ҷалби бештари мухлисон ба варзишгоҳ , баланд бардоштани фарҳанги мухлисӣ ва ҷонноқ намудани кори фан-клубҳо чораҳои мушаххас андешанд. Маҳз барои ҳамин Федератсияи футболи Тоҷикистон бори аввал озмуни “Беҳтарин мухлиси сол”-ро бо ҷоизапулии 100 000 сомонӣ эълон намуд.
То вохӯрии мазкур бештари дастаҳо маҷлис баргузор карда, фан-клуб таъсис доданд ва роҳбари онҳоро ҳам интихоб карданд. Аммо то кунун ба Лигаи футболи Тоҷикистон ягон фан-клуб нақша-чорабиниҳои худро пешниҳод накардааст ва корҳои зарурии тарғиботӣ оғоз наёфтаанд.
Аз ҷониби роҳбарияти ЛФТ тавсияҳо барои самаровар гардонидани кори таблиғотӣ ва ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар замони муосир барномаҳои рақамӣ нақши калон доранд, аз ин лиҳоз бояд шабакаҳои иҷтимоиро фаъолона истифода баранд ва саҳифаҳои махсуси иҷтимоӣ бояд таъсис дода шавад.
Вазъи варзишгоҳҳои дастаҳо ва омодагии онҳо ба мавсими нав инчунин баррасӣ гардид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ, Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ дастури бевосита дода буданд, ки бозиҳои Лигаи олӣ дар вақти шом ё шабонгоҳ баргузор бигарданд. Аммо ба ҷузъ аз якчанд варзишгоҳ дар ягон иншооти футболӣ нурафканҳои ҷавобгӯ насб нашудаанд. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда аз ҷониби ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷом директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон умед баст, ки дастаҳо бо дарки масъулият то оғози Чемпионати Тоҷикистон тамоми камбудиҳоро бартараф месозанд ва сазовор минтақаи худро муаррифӣ месозанд.