Имсол бори аввал дар футболи тоҷик таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни “Беҳтарин мухлиси сол” баргузор мегардад. Мақсад аз роҳандозӣ намудани озмуни мазкур ҷалби шумораи бештари мухлисон ба варзишгоҳ, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати мухлисӣ, таҳким бахшидани фаъолияти дастаҳои футбол дар самти кор бо мухлисон ва таъсиси фан-клубҳои ҳар як бошгоҳи футбол ва рушди фаъолияти онҳо.
Дар як ҷаласаи вижа, ки дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе бо роҳбарони дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум ва роҳбарони гурӯҳҳои мухлисони дастаҳо баргузор гардид, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов тамоми нуктаҳои вобаста ба баргузории озмун, критерияҳои баҳогузорӣ ва шартҳои асосии онро ироа намуд. Инчунин ҷихати назорат аз раванди озмуни “Беҳтарин мухлиси сол”, натиҷагирӣ ва баҳогузории он комиссияи назоратию санҷишӣ иборат аз мутахассисони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи Тоҷикистон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони футбол, журналистони соҳавӣ ва мутахассисон аз дигар мақомоту идорахои дахлдор ҷалб гардид.
Озмуни мазкур аз моҳи январ оғоз ёфта, то охири мавсими соли 2024 давом меёбад.
Фонди ҷоизавии озмун 100 000 (сад ҳазор) сомониро ташкил мекунад.