Санаи 11 феврали соли 2024 дар толори меҳмонхонаи “Румӣ”-и шахри Душанбе аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон барои менеҷерон ва намояндагони бошгоҳҳои футбол ҷамъомадӣ омӯзишию амалӣ дар мавзӯҳои “Менеҷери футбол ва коргузорӣ дар клуб, корбурди барномаи FIFA Connect ва навгониҳои барномаи CLAS 2024/25 барои клубхои футболи Лигаҳои олиӯӣ ва якум” баргузор гардид.
Дар оғози ҷамьомади омузишӣ директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов вобаста ба муҳимияти баргузории чорабинӣ дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳангоми ҷалби бозигарони хориҷӣ ба сатҳ ва касбияти онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Дар аснои ҷамьомад, ҳамзамон ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов аз рафти омодагии варзишгоҳҳои дастаҳо ба мавсими нав, инчунин дар сатҳи баланди касбӣ иштироки дастаҳои Лигаҳои олӣ ва якум дар Чемпионати Тоҷикистон дар соли 2024 суханронӣ намуданд.
Сипас, аз ҷониби мутахассисони Лигаи футболи Тоҷикистон роҷеъ ба мавзӯҳои болозикр рӯнамоҳо манзур карда шуд.