Имрӯз, 1-уми июл, дар толори меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт семинари омӯзишӣ-амалӣ барои менеҷерони бошгоҳҳои Лигаи олӣ аз ҷониби Лигаи футболи кишвар роҳандозӣ гардид.
Дар он мутахассисони ЛФТ дар амал тарзи дуруст истифода бурдани барномаҳои рақамии FIFA CONNECT ва CLAS - ро фаҳмонданд.
Гуфта шуд, ки минбаъд тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, анҷом додани трансфери бозигарон, сабти футболбозони нав ва дигар амалиётҳо дар футбол дар шакли рақамӣ бо истифода аз барномаи FIFA CONNECT амалӣ мегарданд. Ин тарзи корбарӣ равобити байни бошгоҳҳо ва бошгоҳҳо бо Лигаро сода ва шаффоф мегардонад.
Инчунин ба таври муфассал литсензиягирии дастаҳо дар барномаи CLAS шарҳ дода шуд. Пештар талаботи барномаи мазкурро танҳо дастаҳои иштирокчии мусобиқаҳои қоравӣ иҷро мекарданд, аз мавсими нав бошад ҳама дастаҳои Лигаи олӣ ҳуҷҷатҳои маъмурию инфрасохторӣ, молиявию варзиширо пурра дар система барои гирифтани иҷозатномаи иштирок дар Лигаи олӣ бояд ворид намоянд.
Дар фарҷом аз ҷониби иштирокчиён ва мутахассисони Лига мубодила афкор бо гирифтани ҷавоб ба суолҳо сурат гирифт.
