Дар пойтахти Малайзия шаҳри Куала Лумпур семинари Конфедератсияи футболи Осиё роҷеъ ба футболи касбӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур, ки ду рӯз давом кард, дар миёни 83 иштирокчиён ду намоянда аз Лигаи футболи миллӣ Меҳрдод Иброҳимов ва Фаридуни Шарифзод ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш тағиру иловаҳо дар системаи мусобиқаҳои осиёӣ, тақвими нави тирамоҳӣ-баҳорӣ, системаи се сатҳаи мусобиқаҳои бошгоҳӣ, ки аз соли 2024/25 ҷорӣ мегардад, фаҳмонда шуд.
Инчунин ташаббусҳои нав баҳри рушди футболи касбӣ дар минтақа мавриди таҳлил қарор гирифт.