Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави Лигаи олӣ бошгоҳи "Локомотив-Помир" якбора чанд футболбозро ба даста ҷалб намуд. Собиқ футболбози "Истиқлол" Шаҳром Сулаймонов, дастпарвари МҶМОВ Ҳақим Ҳасанов, легионерҳо Калеб Авуку ва Бенҷамен Асамоа (собиқ футболбози "Душанбе-83" ва "Ваҳдат") акнун шаҳну шарафи "Локомотив-Помир"-ро ҳимоя хоҳанд кард.