АМИРҶОН САФАРОВ РАСМАН БА "ХУҶАНД" ГУЗАШТ

06.03.2020

Футболбози собиқи “Куктош” Амирҷон Сафаров, ки қариб ду моҳ дар ҳайати дастаи “Хуҷанд” қарор дошт,  расман бо даста қарордоди ҳамкорӣ баст. Дар мавсими гузаштаи Лигаи олии Тоҷикистон 15 маротиба ба майдон баромада, муаллифи 7-гол ва 9-партофти головар шудааст. Дар ҳайати дастаи “Истиқлол” чемпиони Тоҷикистон, ҷоизадори Ҷом ва Суперҷоми мамлакат мебошад. Амирҷон Сафаров бо пироҳанҳои “Хуҷанд” дар бозӣ бо “Нефтчӣ” бори аввал ба майдон баромада буд.