Футболбози 29-солаи украинӣ Артём Гайдаш ба ҳайати дастаи КМВА пайваст шуд. То омадан ба дастаи мазкур ӯ узви бошгоҳи “Подолйе”-и шаҳри Хмелнитскийи Украина буда, дар мавсими гузаштаи Лигаи дуюми ин кишвар дар 15 вохӯрӣ ба задани 2 гол даст ёфтааст. Гайдаш аллакай дар бозиҳои расмии КМВА муаллифи гол гаштааст. Дар вохӯрӣ барои ишғоли зинаи сеюми Ҷоми ФФТ-2020 муқобили "Душанбе-83" Гайдаш голи дуюми дастаи худро ба самар расонд (натиҷаи бозӣ: "Душанбе-83" : КМВА - 3:2)