ҲАЙАТИ ДОВАРОНИ БОЗИИ ҶОМИ КФО-2020 "ИСТИҚЛОЛ" - "ХУҶАНД" МУАЙЯН ШУД

05.03.2020

Вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-ро довари ФИФА аз давлати Қувайт Аҳмад Ал-Алӣ ҳакамӣ мекунад.  Ба ӯ дар ин бозӣ ҳамватанонаш Яқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳодӣ Ал-Анезӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари 4-ум ба дӯши Уммар Ашкананӣ вогузор шудааст.

Дидори ду дастаи Тоҷикистон, ки шомили гуруҳи “D” мебошанд, 11 март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ  барпо мегардад.

 

Ҷоми КФО-2020

 

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

 

11 март (чоршанбе)

 

Оғози бозӣ соати 18:00

 

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

 

Довари майдон: Аҳмад Ал-Алӣ (Қувайт).

 

Ёварони довар: Яқуб Ал-Мутаири, Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ (ҳарду – Қувайт).

 

Довари эҳтиётӣ: Аммар Ашканани (Кувайт).

 

Нозири бозӣ: Маҳюб Садек (Фаластин).

 

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (АМА).

 

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ