Роҳбарияти бошгоҳи "Истаравшан" аз таъин кардани Алиёр Ашурмамадов ба сифати сармураббии даста расман иттилоъ дод. Қаблан Алиёр Ашурмамадови 51-сола бошгоҳи "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро роҳбарӣ мекард, ки дар натиҷаи мавсими 2019, даста бо ишғоли зинаи охирини ҷадвал тарки Лига олӣ кард ва дар мавсими 2020 дар Лигаи якуми мамлакат баромад мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки бошгоҳи "Истаравшан" дар мавсими гузашта бо касби 27 имтиёз зинаи 6-умро дар Лига олии Тоҷикистон ишғол кард.