"ХУҶАНД" СОЛИ ДУЮМ ПАЙИҲАМ БА МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ҶОМИ КФО-2020 БАРОМАД

26.02.2020

 

Имрӯз, 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии Ҷоми КФО-2020 байни дастаҳои “Хуҷанд”-и Тоҷикистон ва “Нефтчӣ”-и Қирғизистон баргузор шуд. Вохӯрии тимҳо бо натиҷаи 3:0 ба нафъи “Хуҷанд” хотима ёфт. Кӯшишу талошҳои футболбозони “Хуҷанд” самар оварданду дар дақиқаи 34-ум бо кӯмаки Дилшод Бозоров ҳисобро боз карданд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Нефтчӣ” хотима ёфта буд, ин дидор то  вақти иловагӣ (экстра-тайм) тул кашид. Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигарро ба самар расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 бурд.

Ҷоми КФО-2020

Минтақаи марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизстон) – 3:0.

Голҳо: Дилшод Бозоров, 34, 107, 119.