«РЕГАР-ТАДАЗ» БО МЕДАЛҲОИ БИРИНҶИИ ЛИГАИ ОЛӢ ҚАДРДОНӢ ШУД

23.02.2020

Дирӯз,22 феврал, дар толори меҳмонхонаи "Ширкент"-и шаҳри Турсунзода маросими ҷоизасупории бошгоҳи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода барои ишғол намудани мақоми сеюм дар бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон миёни 8-дастаи Лигаи олӣ дар соли 2019 баргузор гардид. Нахуст директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ситоди мураббиён, ҳайати бозигарон ва тамоми мухлисони дастаро барои касб намудани зинаи ифтихории Чемпионат табрику шодбош намуда, барои дастаи "Регар-ТадАЗ" дар соли 2020 иштироки фаъол ва пурсамар дар мусобиқаҳои дохилию хориҷи таманно намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки мавсими 2019-и Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олиро бошгоҳи "Регар-ТадАЗ" дар зинаи сеюм бо касби 30 имтиёз ба анҷом расонид.