Чемпиони Тоҷикистон бошгоҳи "Истиқлол" дар доираи ҷамъомадҳои таълимӣ-тамринӣ дар кишвари Туркия як бозии санҷишии дигар анҷом дод. Ин дафъа "Истиқлол" бо дастаи лигаи бартари Қазоқистон "Шахтёр" аз Караганда вохӯрӣ намуд. Бозии дастаҳо дар шаҳри Белек баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди шогирдони Виталий Левченко хотима ёфт. Муаллифи гол Искандар Ҷалилов гашт.
Қаблан дар ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Туркия "Истиқлол" бо дастаи дивизиони якуми чемпионати Чин «Чжэтсзян Гринтаун» бозӣ карда, бо ҳисоби 0:1 ноком гардид.
Бозиҳои санҷишии "Истиқлол" дар Туркия
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Чжэтсзян Гринтаун» (Чин) – 0:1
Гол: Дино Ндлову, 45+1.
Пеналтии иҷронашуда: Дино Ндлову («Чжэтсян Гринтаун»), 45+1
20 феврал. Белек, Туркия.
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шахтёр» (Қазоқистон) – 1:0
Гол: Искандар Ҷалилов, 50.
22 феврал. Белек, Туркия.