Имрӯз, 19-уми феврали соли 2020 дар доираи бозиҳои плэй-оффи Ҷоми КФО-2020 бошгоҳи “Хуҷанд” ба меҳмонии тими “Нефтчӣ”-и Қирғизистон сафар кард. Ин дидор бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон хотима ёфт. Голи ягонаи ин бозиро дар дақиқаи 51-ум Александр Игнатенко ба номаш муҳр зада, пирӯзии дастаашро таъмин намуд. . Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ҷоми КФО-2020
Марҳилаи интихобӣ
“Нефтчӣ” (Қирғизистон) – “Хуҷанд” (Тоҷикистон) – 1:0
Гол: Александр Игнатенко 51’