Имрӯз дар доираи бозиҳои марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо бошгоҳи "Нефтчӣ"-и Қирғизистон бозии якуми худро барпо мекунад. Қабл аз бозӣ намояндагони ҳарду даста дар нишастӣ хабарӣ ширкат намуда, ба суолони хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.
Никола Лазаревич, сармураббии "Хуҷанд": “Мо омодагиро барои ширкат дар марҳилаи интихобии мусобиқа моҳи декабр шуруъ намудем. Дар ин муддат ду ҷамъомади тамриниро дар Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор кардем. Боду ҳаво ва боридани барф ба ҳолати майдон таъсир мерасонад, вале мо кӯшиш дорем, ба ин аҳамият надода, дар ҳама ҳолат хуб бозӣ кунем. “- иброз дошт, сармураббии дастаи Хуҷанд Никола Лазаревич.
Хотиррасон мекунем, ки бозии дастаҳо имрӯз, 19-уми феврал, соати 13:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи "Курманбек"-и шаҳри Ҷалол-Обод баргузор мегардад. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо бошад, рӯзи 26 феврал дар назар аст.