Бозигари мунтахаби Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев бо бошгоҳи "Хуҷанд" қарордоди ҳамкорӣ баст. То ба ин дам футболбози 29-сола дар ҷамъомадҳои тамринии бошгоҳи аз шимоли кишвар қарор дошт, аммо расман шартномаи ӯ бо даста имрӯз, 12-уми феврал тасдиқ шуд.
Хотиррасон мешавем, ки Фатҳулло Фатҳуллоев дар мавсими гузашта дар ҳайати бошгоҳи "Бухоро", ки иштирокчии Суперлигаи Ӯзбекистон аст, баромад мекард. Дар 11 дидори ба майдон баромада, ӯ 1 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст.