Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи плей-офии Ҷоми КФО-2020 ноибқаҳрамони Тоҷикистон тими “Хуҷанд” бо тими “Локомотив”-и Ӯзбекистон бозии дӯстона доир кард. Дар ин майдондорӣ футболбозони тоҷик бо натиҷаи 3:0 дучори шикаст шуданд. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш дар доираи марҳилаи муқаддамотии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Истиқлол” бошгоҳи “Локомотив”-ро бо натиҷаи 1:0 шикаст дода буд.
«Локомотив» (Ӯзбекистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 3:0.
Голҳо: Марат Бикмаев, 15 (1:0), Кирил Погребняк, 33 (2:0), Темурхоҷа Абдухолиқов, 56 (3:0).
Дар бозии плэй-оффи Ҷоми КФО-2020 бошгоҳи "Хуҷанд" бо ғолиби ҷуфти "Нефтчӣ" (Қирғизистон) - "Аҳал" (Туркманистон) вохӯрӣ анҷом медиҳад.
Тибқи тақвими Конфедератсияи футболи Осиё, "Хуҷанд" бозии якуми худро дар доираи плэй-оффи Ҷоми КФО-2020 дар сафар санаи 19 феврал, ва бозии ҷавобиро санаи 26 феврал баргузор менамояд. Дар сурати ғалаба, барандаи медалҳои нуқраи Лигаи олии Тоҷикистон ҳаққи иштирокро дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО дар гурӯҳи "D" соҳиб мешавад. Дар ин гурӯҳ аллакай бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин-Асир» (Туркманистон) ва «Дордой» (Қирғизистон) қарор доранд.