27 январ дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд бозии санҷишӣ байни дастаи "Бухоро"-и Ӯзбекистон ва бошгоҳи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон баргузор гардид. Вохӯрӣ бо пирӯзии дастаи "Бухоро" бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 8-уми дидор Абдуллоев кушода мизбоноро ба пеш баровард. Бозингари дигари дастаи "Бухоро" Примов дар дақиқаи 30-ум ҳисобро дуболо кард. Ягона голи меҳмононро Фатҳулло Фатҳуллоев бо партофти Муҳаммадшариф Саидхоҷа дар дақиқаи 42-ум ба самар расонид.
«Бухоро» (Ӯзбекистон) – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Абдуллоев, 8 (1:0). Примов, 30 (2:0). Фатҳуллоев Фатҳулло, 42 (2:1).
Корти зард: Чакалов Фирдавс, 61.
27 январ, Тошканд.