РОҲБАРИЯТИ ФФТ ВА ЛФТ МУЛОҚОТИ КОРӢ БО РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АНҶОМ ДОДАНД

11.04.2022

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ рӯзномаи асосӣ рушди футбол дар вилояти Хатлон ба ҳисоб мерафт. Масоили дастгирӣ ва рушди футболи кӯдакону наврасон, бонувон, вазъи молиявии бошгоҳҳои вилоят, ки дар Лигаи олӣ ва Лигаи якум барамад мекунанд, ташкили инфрасохтори зарурӣ барои оммавигардонии футбол ва ҷалби аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим матраҳ гардид.

Бояд гуфт, ки аз вилояти Хатлон дар Лигаи олии мамлакат дар мавсими 2022 се даста - “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб) ва “Файзканд” (Восеъ) баромад мекунанд. Инчунин шаш дастаи дигар вилоятро дар Лигаи якум муаррифӣ менамоянд - «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), “Саройкамар” (Панҷ), “Ҳулбук” (Восеъ), “Ҳосилот” (Фархор), “Сарҳадчӣ” (Ҳамадонӣ) ва “Моҳир” (Ёвон).

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки ба варзиш, бахусус футбол, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таваҷҷӯҳи ҷидди дошта, барои рушду ривоҷи он омодааст ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Мулоқоти мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки  бо воситаи ҳамкории муштарак бо Федератсияи футбол ва Лигаи футболи Тоҷикистон ин риштаи варзиш дар вилоят босуръат пеш хоҳад рафт.