Капитани “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов ба дастаи Суперлигаи Ӯзбекистон АГМК-и Олмалик гузашт.
Шартномаи бозигар бо барандаи медалҳои биринҷии чемпионати Ӯзбекистон-2021 АГМК ба муҳлати 2 сол баста шуд.
Алишер Ҷалилов ду карат солҳои 2019 ва 2021 беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф шудааст.