Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур имрӯз, 17-уми январ, маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 баргузор шуд.
Дар минтақаи марказӣ мисли соли гузашта ду гурӯҳ ташкил гардид - яке иборат аз чор, дигаре аз се даста.
Барандаи медалҳои нуқраи Лигаи Олӣ-2021 ва барандаи Ҷоми кишвар “Хуҷанд” дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Копетдаг” (Туркманистон) бозӣ хоҳад кард.
КМВА-и Вазорати мудофиа, ки бори нахуст дар Ҷоми КФО ширкат меварзад, шомили гурӯҳи “Е” гардид. Рақибони “артишиҳо” “Насаф”/“Суғдиёна” (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) гардиданд.
Ғолибони гурӯҳҳо дар финали минтақавӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Дастаи муваффақ ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифта, соҳиби 100 ҳазор доллар мегардад.
Ҷоми КФО-2022
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»: «Насаф» ё «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).
Гурӯҳи «F»: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).