Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе шомили гурӯҳи “А” гардид. Рақибони “Истиқлол” “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Раян” (Қатар) ва ғолиби ҷуфти плэй-офф “Шарҷа” (АМА) - “Ал-Завраа” (Ироқ) гардиданд.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб ба таври мутамарказ аз 7-ум то 27-уми апрел баргузор мегарданд. Тибқи низомномаи мусобиқа, ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ ғолибони 5 гурӯҳ аз ҳар минтақа, ва се даста аз зинаи дуюми гурӯҳҳо бо нишондоди нисбатан беҳтар роҳ пайдо мекунанд.
Дар сурати баромадан ба даври ҳазфӣ, “Истиқлол” бозии 1/8 ниҳоии худро ё 3-юм ё 4-уми феврали соли 2023 анҷом медиҳад.
Лигаи қаҳрамони Осиё
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Раян» (Қатар), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ғолиби ҷуфти «Шарҷа» (АМА) – «Ал-Завраа» (Ироқ).