ҶАРАЁНИ АМАЛИКУНИИ НАҚШАИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ГИРИФТ

20.11.2020

Дар Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор имрӯз, 20-уми ноябр, ҷаласаи васеи шӯрои техникии кумитаи ФФТ баргузор гардид. Дар он ҷараёни амаликунии нақшаи стратегии рушди футболи Тоҷикистон “Орзу-2026” таҳлил карда шуд. 

Дар рафти маҷлис, ки шаш соат идома кард, ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, котиби генералӣ Давлатманд Исломлов, директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, роҳбарони шуъбаҳо, Лигаи футболи кӯдакону наврасон, Академияи футболи ФФТ ва сардорону намояндагони федератсияҳои минтақавӣ иштирок карданд. 

Дар ҷаласа ҳисоботи масъулон роҷеъ ба корҳои анҷомдодашуда дар марҳилаи аввали амаликунии нақшаи стратегии рушди футболи Тоҷикистон ва нақшаҳо то соли 2023 шунида шуд. 

Дар нақшаи стратегии рушди футболи Тоҷикистон “Орзу-2026” даҳ самти асосии рушди футбол дар кишвар муайян шудаанд : инфрасохтор, маркетинг, лигаи миллӣ, дастаҳои мунтахабҳои Тоҷикистон, мукаммалгардонии футболи кӯдакону наврасон, маориф, рушди федератсияҳои минтақавӣ, футзал, футболи бонувон ва такмили соҳаи доварӣ. 

Дар рафти ҷаласаи васеъ иштирокчиён масъалаҳои асосиро, ки дар ояндаи наздик бояд ҳал карда шаванд, муайян сохтанд.