ҶАЛАСАИ КУМИТАИ БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚОТИ ФФТ БАРГУЗОР ШУД

16.11.2020

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқаҳо доир гардид. Дар он натоиҷи чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, мусобиқа байни ҳайати  ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ ва мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми кишвар ҷамъбаст карда шуданд.

Дар ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқот, ки таҳти раёсати Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов баргузор шуд, ғолибони мавсими соли 2020 муайян шуданд. Рӯйхати беҳтарин футболбозон ва мураббиёни мавсими соли 2020 барои тасдиқ ба Шӯрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.