МАҶЛИСИ КУМИТАИ ДОВАРОНИ ФФТ БАРГУЗОР ШУД

29.10.2020

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи доварон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои кор дар мавсими 2020 ҷамъбаст ва оид ба мавсими ояндаи футбол як қатор қарорҳо қабул карда шуданд.

Дар ҷаласаи кумитаи доварон, рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2021 тасдиқ карда шуд, ки ба он 14 нафар шомиланд. Доварони ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), Насрулло Кабиров (Норак), Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) ва Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) соли оянда ба рӯйхати FIFA дохил карда мешаванд. Ба рӯйхати ёварони доварони ФИФА дар мавсими оянда Хусрави Сиддикзод (Душанбе), Акмал Бӯриев (Турсунзода), Вафо Қараев (Шаҳринав), Исмоил Нуралиев (Норак), Фарҳод Куралов (Душанбе) ва Ҳасан Каримов (Норак) шомиланд. Довари FIFA Нодира Мирзоева аз Турсунзода ва ёвари довар ФИФА Дилшода Раҳмонова аз Душанбе ба рӯйхати FIFA барои соли 2021 тавсия дода шуданд. Ба рӯйхати доварони FIFA оид ба футзал Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) ва Сӯҳроб Сатторов (Турсунзода) шомиланд.

Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷудо кардани доварон ва нозирони доварони футбол ва футзал буд. Аз соли 2022 сар карда, довароне, ки дар мусобиқаҳои футзал кор хоҳанд кард, наметавонанд бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро хизматрасонӣ кунанд. Ғайр аз ин, қарор дода шуд, ки сар аз мавсими оянда нозирони доварон, ки дар бозиҳои Лигаи футзали Тоҷикистон кор мекунанд, наметавонанд бозиҳои Лигаи футболи кишварро хизматрасонӣ кунанд.

Кумитаи доварон дар ҷаласаи худ ба Кумитаи иҷроияи ФФТ тавсия дод, ки масъалаи баланд бардоштани ҳаққи хидматрасонии бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро аз мавсими оянда баррасӣ кунад.

Дар ҷаласа масъалаҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба дастури кумитаи доварон, инчунин кодексҳои интизомии доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.