МАВСИМИ 2020-И ЛИГАИ ЯКУМИ ТОҶИКИСТОН 25-УМИ ОКТЯБР БА АНҶОМ МЕРАСАД

13.10.2020

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавқуфгузоштаро муайян кард. Мавсими ҷадиди Лигаи якум рӯзи 25-уми октябр хотима меёбад. 

Бояд қайд кард, ки “Равшан”-и Кӯлоб қабл аз муҳлат роҳхати Лигаи олии мавсими навбатиро барои худ таъмин кард. 

“Эсхата”-и Хуҷанд барои баромадан ба бонуфузтарин мусобиқаи дохилии кишвар, бояд дар се бозии боқимондаи худ ҳадди ақал як имтиёзро соҳиб шавад. 

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон

Бозии мавқуфгузоштаи даври 16-ум

14 октябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ соати 14:30

«Эсхата» – «Равшан» (Кӯлоб)

 

Даври 21-ум

20 октябр (сешанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:30

«Барқчӣ» – «Саройкамар»

«Ҳосилот» – «Ваҳдат»

21 октябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук»

«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод)

«Эсхата» – «Шоҳмансур»

«Панҷшер» – «Исфара»

 

Даври 22-юм

25 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара»

«Шоҳмансур» – «Панҷшер»

«Ваҳдат» – «Эсхата»

«Ҳулбук» – «Ҳосилот»

«Саройкамар» – «Равшан» (Кӯлоб)

«Моҳир» – «Барқчӣ»