АМИРҶОНИ ФАРРУХЗОД БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ ИЮЛ, ҒАЙРАТАЛӢ МИРАҲМАДОВ БЕҲТАРИН МУРАББИИ МОҲ ДАР ЛИГАИ ЯКУМ

06.08.2020

Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтарин футболбоз ва мураббии июлро дар Лигаи якум муайян кард. 

Беҳтарин футболбоз бозигари бошгоҳи “Равшан”-и Кӯлоб Амирҷони Фаррухзод дониста шуд. Ӯ дар 7 бозии дастаи худ ба задани 6 гол даст ёфтааст ва дар 5 дидор беҳтарин футболбоз дар майдон эътироф гардидааст. 

Беҳтарин мураббии моҳ бошад ҳамчунон намояндаи “Равшан”-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов гардид. Зери роҳбарии ин коршинос “Равшан”-и Кӯлоб дар ин мавсим пас аз баргузории 7 давр дар садри ҷадвал қарор дошта, шаш маротиба ғалаба карда, ҳамагӣ як маротиба бохт кардааст.