РАСМАН: АҲТАМ НАЗАРОВ БА "ИСТИҚЛОЛ" БАРГАШТ

23.07.2020

Капитани тими мунтахаби Тоҷикистон - Аҳтам Назаров, ки қаблан дар Чемпионати Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, ба бошгоҳи “Истиқлол” баргашт.

Чуноне, ки сомонаи расмии бошгоҳи "Истиқлол" хабар додааст, баъд аз танаффуси начандон зиёд, дифоъгар Аҳтам Назаров, ки дар дастаи «Башундара Кингз» - и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, ба ҳайати душанбегиҳо баргашт. Қарордод байни даста ва футболбоз то охири соли 2021 баста шудааст. Ёдовар мешавем, ки Аҳтам аз соли 2013 то соли 2019 шарафи “Истиқлол”-ро ҳимоя мекард. Назаров дар дастаи “Истиқлол” акнун таҳти рақами "20" бозӣ мекунад.