РАСМАН: МАҲМАДҶОН ҲАБИБУЛЛОЕВ САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КУКТОШ" ТАЪИН ГАРДИД

07.07.2020

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии муваффақи тоҷик ба вазифаи сармураббии дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифаи Раҳматулло Фузайловро иваз кард. 

Ҳабибуллоеви 55 сола аз соли 2001 то 2013 дар бошгоҳи “Регар ТадАЗ” фаъолият намуда, шаш карат чемпиони Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2004, 2006, 2007, 2008), се карат барандаи Ҷоми Президенти КФО (2005, 2008, 2009) ва Ҷоми Тоҷикистон (2001, 2005, 2006) шудааст. Мавсуф соли 2014 дар вазифаи сармураббии “Делерон-Уротеппа”-и Истаравшан фаъолият намуда, дар соли нахуст дастаро ба зинаи сеюми ҷадвал баровард. Соли 2015 ба вазифаи сармураббии дастаи “Ҳосилот” даъват шуд ва тими мазкурро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард ва дар соли аввадли ҳунарнамоӣ дастаи ӯ барандаи медалҳои нуқраи мусобиқа шуд. 

Ӯ як муддат соли 2007 дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси сармураббӣ кор карда буд. Вақтҳои охир ҳамчун мутахассис дар телевизиони "Варзиш" фаъолият мебурд. 

Фаъолияти Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар дастаи нав аллакай дар вохӯрӣ бо “Файзканд” шуруъ мешавад.