Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ (Нефтяник) корҳои таъмириву бозсозӣ ва мутобиқнамоии инфрасохтори он ба стандартҳои сатҳи баланд бо маром ҷараён дорад.
Рӯзи 2-юми октябри соли ҷорӣ ноиби Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода аз ҷараёни корҳои тармиму таҷдид ва бозсозии варзишгоҳи марказии ноҳия дидан карданд.
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар рафти боздид бо ҳолати нашъунамои сабзаи майдон, утоқҳои корӣ, утоқи либосивазкунии дастаҳо, нишастгоҳҳо барои мухлисон ва вазъи атрофи варзишгоҳ шинос шуданд.