Имрӯз, 24-уми феврал, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ-2024 баргузор гардиданд.
Дар финали мусобиқа “Равшан” муқобили “Ҳосилот” андари майдони рақобат гардид. Дар дақиқаи 85-уми вохӯрӣ ҳамлавар Бахтиёр Зарипов голи ягонаи вохӯриро ба самар расонида, пирӯзии “Равшан”-ро таъмин намуд.
Худи Бахтиёр Зарипов беҳтарин бозигари финал дониста шуд.
Дар бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм КМВА дастаи “Барқчӣ”-ро 2:1 мағлуб намуда, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.