Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов барои шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаи КМВА ба мавсими нав бо роҳбарияти Вазорати мудофиа ва маъмурияти даста вохӯрӣ анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҳолати иҷроиши дастуру супоришҳои протоколии ҷаласаи президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ баррасӣ гардид. Вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо қайд кард, ки харҷномаи даста барои мавсими нав тасдиқ шудааст.
Дар варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ ҳамаи корҳои аграрӣ барои омодасозии майдон анҷом дода шудаанд. Аммо дар баробари ин, таъмиру тармими варзишгоҳ ҳоло оғоз нашудааст ва нурафканҳову табло ворид нашудаанд. Вазири мудофиа ба масъулини даста супориш дод, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи комиссияи литсензиякунонӣ ҳамаи камбудиҳои варзишгоҳ бартараф карда шаванд. Тамоми маблағи зарурӣ аз ҷониби Вазорати мудофиа барои ободонии варзишгоҳ ва мутобиқ кардан ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷудо мешавад. Насби намолавҳа (табло) ва нурафканҳо бошад зери таваҷҷӯҳи хосаи Вазири мудофиа қарор хоҳад гирифт.