Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт қуръапартоии марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2024 дар минтақаи Душанбе баргузор гардид. Бозиҳои муқаддамотӣ дар се минтақа роҳандозӣ мегарданд – Душанбе, Хатлон ва Суғд.
Дар минтақаи Душанбе аз Лигаи олӣ дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб, “Куктош”, КМВА, “Ҳосилот”, аз Лигаи якум “Регар-ТадАЗ”, “Барқчӣ”, “Шодмон” ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) иштирок мекунанд. Дастаҳои “Равшан” ва “Ҳосилот”, ки аз минатқаи Хатлон ҳастанд, дархост намуданд, ки дар минтақаи Душанбе бозӣ кунанд, чун қароргоҳ ва машқҳои дастаҳо феълан дар Душанбе ҷараён доранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2024 роҳхат меёбанд.
Дар натиҷаи қуръапартоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ба таври зайл тақсим шуданд:
Гурӯҳи “А”: “Ҳосилот”, “Регар-ТадАЗ”, “Куктош”, КМВА
Гурӯҳи “Б”: “Барқчӣ”, “Равшан”, “Шодмон”, Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16)
Бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ дар минтақаи Душанбе рӯзи 30-юми январ оғоз меёбанд. Ҳамаи рақобатҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мегарданд.
Даври 1-ум. Гурӯҳи “А”. 30-юми январ
“Ҳосилот” – КМВА – 10:30
“Регар-ТадАЗ” – “Куктош” – 14:00
Даври 1-ум. Гурӯҳи “Б” 31-уми январ
“Барқчӣ” – Тоҷикистон U-16 - 10:30
“Равшан” – “Шодмон” - – 14:00
Даври 2-юм. Гурӯҳи “А”. 2-юми феврал
КМВА – “Куктош” - 10:30
“Ҳосилот” - “Регар-ТадАЗ” – 14:00
Даври 2-юм. Гурӯҳи “Б”. 3-юми феврал
Тоҷикистон U-16 – “Шодмон” - 10:30
“Барқчӣ” – “Равшан” - 14:00
Даври 3-юм. Гурӯҳи “А”. 5-уми феврал
“Регар-ТадАЗ” - КМВА - 10:30
“Куктош” - “Ҳосилот” - 14:00
Даври 3-юм. Гурӯҳи “Б”.6-уми феврал
“Равшан” - Тоҷикистон U-16 - 10:30
“Шодмон” - “Барқчӣ” - 14:00