Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов ба вилояти Суғд сафар кард. Аввалин шуда комиссия бо омодагии дастаҳои “Ориён”-и Исфара ва “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд шинос шуд.
Дар вохӯрӣ бо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода қайд гардид, ки дастаи “Ориён” муассисаи давлатӣ буда, дар қайди тавозуни шаҳрдории Исфара аст. Тибқи иттилои Баҳодурзода дастаи “Ориён” пурра аз ҳисоби мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара маблағгузорӣ шуда, то оғози мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон варзишгоҳи шаҳр пурра таъмиру тармим мешавад.
Инчунин ҳайати комиссияи литсензиякунонӣ бо роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд, ки онро дар Лигаи якум “Парвоз” муаррифӣ менамояд, вохӯрд. Тибқи иттилои роҳбарияти ширкат харҷномаи даста барои мавсими нав тасдиқ шудааст ва дар назди худ мақсади баромадан ба Лигаи олиро гузоштаанд. Инчунин зам гардид, ки рӯзҳои наздик азнавсозии варзишгоҳи “Фурудгоҳ” оғоз меёбад ва корҳои таъмирӣ то оғози мавсими нави Лигаи якум ба анҷом хоҳанд расид.