Сафарҳои комиссияи литсензиякунонии ФФТ идома доранд. Ин навбат гурӯҳи корӣ зери роҳбарии ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов аз вазъи футбол дар ноҳияи Панҷ дидан намуд.
Зимни мулоқот бо раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер иҷроиши дастуру супоришҳои протоколии ҷаласаи Президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, масоили дастгирии молиявии дастаи “Саройкамар”, ҷалби кӯдакону наврасон ва бонувон ба футбол, таъсиси дастаи футзал, ва тармими варзишгоҳи марказии ноҳия баррасӣ гардид.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки барои иҷроиши супоришҳои Президенти ФФТ нақша чорабиниҳо тарҳрезӣ шудаанд ва тадриҷан ҳамаи дастурҳо иҷро мегарданд. Дастаи “Саройкамар” бошад аз ҳисоби буҷаи ноҳия маблағгузорӣ хоҳад шуд ва мушкилоти молиявӣ дар рафти мавсим нахоҳад дошт.