Дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи “Эсхата” бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид.
Ба футболбозон, мураббиён ва мудирият барои ишғоли зинаи сеюм дар 1XBet - Чемпионати Тоҷикистон-2023 медалҳои биринҷии мусобиқа тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки “Эсхата” бори аввал дар таърихи худ шомили сегонаи беҳтаринҳои Лигаи олӣ мегардад.