Бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 баргузор шуданд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 1 ноябр дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб вориди рақобат мешаванд. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат мегирад.