Қабл аз бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 дар шаҳри Истаравшан бо ширкати намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, масъулони бозӣ ва бошгоҳҳои «Сардор» ва «Хуҷанд» ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ ва техникии рақобати мазкур, аз ҷумла амният, тиббӣ, васоити ахбори омма, сарулибоси дастаҳо ва риояи низомномаи мусобиқа баррасӣ шуданд. Ранги либоси бозигарон низ тасдиқ гардиданд.
Пас аз анҷоми ҷаласа нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо – Рустам Хоҷаев («Сардор») ва Милан Миланович («Хуҷанд»), инчунин бозигарони дастаҳо Расул Пайзов («Сардор») ва Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») баргузор гардид.
Иштирокдорони нишасти матбуотӣ таъкид карданд, ки ҳар ду даста ба бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2026 омода буда, нақша доранд барои ба даст овардани ҷоми фахрӣ тамоми нерӯи худро сарф намоянд.
Бояд гуфт, ки бозии ниҳоии барои Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои «Сардор» ва «Хуҷанд» 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии Истаравшан баргузор шуда, соати 17:30 оғоз мешавад.
