Ҳамлагари дастаи «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 эътироф гардид.
Дар бозии ҳалкунандаи Ҷоми миллӣ дастаи «Хуҷанд» бар дастаи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Вохӯрии ниҳоӣ 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуда, 12 ҳазору 500 нафар тамошобинро ба ҳам овард.
