Дастаи футболи «Хуҷанд» таҳти роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович дар бозии ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, бори шашум дар таърихи худ соҳиби ин ҷоизаи фахрӣ гардид.
Қаблан «Хуҷанд» солҳои 1997/1998, инчунин солҳои 2002, 2008, 2017 ва 2021 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.
Барои пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2026 даста бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардида, роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2027/2028-ро низ ба даст овард.
