Имрӯз, 23 май бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад. Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор қаҳрамони кишвар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳам вомехӯранд. Оғози бозӣ – соати 19:00.
Бозӣ дар фазои идона ва дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол доир мегардад.
Таърихи рақобати байниҳамии дастаҳо дар доираи Суперҷоми Тоҷикистон то имрӯз ба нафъи «Истиқлол» аст – бошгоҳи душанбегӣ се маротиба (2011, 2012, 2025) «Регар-ТадАЗ»-ро шикаст дода, соҳиби ҷом шудааст. Барои дастаи Турсунзода бозии имрӯза имконияти хубест, то бори аввал дар таърихи худ Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварад.
Дар вақти танаффуси рақобат бозии лотереяи варзишӣ гузаронида мешавад, ки мухлисон имкон доранд, соҳиби туҳфаҳои арзишманд гарданд. Нархи чипта барои ҳамаи бахшҳои варзишгоҳ 10 сомонӣ мебошад.
Тамоми дӯстдорони футболро ба тамошои бозӣ даъват менамоем!
