Сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Алишер Тӯхтаев дар нишасти хабарии пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2026 андешаҳояшро иброз дошт.
«Суперҷом аз як бозӣ иборат аст ва дар чунин рақобатҳо фаворит вуҷуд надорад. «Истиқлол» пешсафи футболи мо ва дастаи соҳибтаҷриба аст. Аммо мо низ ба ин дидор ҷиддӣ омодагӣ мебинем. Футболбозон рӯҳияи хуб ва ангезаи баланд доранд. Мо масъулиятро дарк карда, кӯшиш менамоем, ки футболи хуб нишон диҳем.
Дар мавриди силсилазарбаҳои пеналти бояд гуфт, ки фишори чунин лаҳзаҳоро дар тамринҳо пурра эҳсос кардан ғайриимкон аст. Дар бозии расмӣ эҳсосот ва арзиши иштибоҳ тамоман дигар мебошад. Ҳатто пуртаҷрибатарин футболбоз дар лаҳзаҳои ҳалкунанда ба ҳаяҷон дода мешавад. Аз ин рӯ оромиро нигоҳ доштан ва аз ҷиҳати равонӣ омода будан муҳим аст», – гуфт Алишер Тӯхтаев.
Ҳамчунин дар нишасти хабарӣ ҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» Ҷозеф Феумба иштирок кард.
«Имконияти ҳар ду даста 50 ба 50 аст. Мо ба бозии дарпешистода омодагӣ мебинем ва танҳо барои пирӯзӣ вориди майдон мешавем. Кӯшиш мекунем Суперҷомро ба даст оварда, мухлисонро шод гардонем», – иброз дошт легионери камерунии дастаи шаҳри Турсунзода.
