Лигаи футболи Тоҷикистон анъанаи худро барои эътироф кардани беҳтарин бозигар ва мураббӣ на танҳо дар лигаҳои олӣ ва якум, балки дар Лигаи ҷавонони кишвар ҳам идома медиҳад.
Ҳамлагари «Сардор»-и Турсунзода Раҷаббек Хушвахтов беҳтарин бозигари моҳи апрел дар мусобиқаи ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон номида шуд. Дар ин моҳ ӯ се гол зада, ду маротиба беҳтарин бозигар эътироф гардидааст.
Сармураббии дастаи эҳтиётии «Истиқлол» Рустам Қурбонов беҳтарин мураббии моҳи апрел дониста шуд. Моҳи гузашта таҳти роҳбарии ӯ, дастаи эҳтиётии бошгоҳи шаҳри Душанбе чор пирӯзиҳои калон бар тимҳои «Рашан» (6:0), «Парвоз» (11:0), «Ҳосилот» (7:2) ва «Хуҷанд» (3:0) ба даст овард.
Илова бар ҷоизаҳо беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи апрел дар мусобиқаи ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон-2026 аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар кадом бо 2000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.


