Бозигари ӯзбектабори дастаи КМВА-и Душанбе Исломбек Исоқҷонов ва сармураббии артишиҳо Файз Давлатов дар Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи апрел дониста шуданд.
Моҳи апрел нимҳимоятгари КМВА Исломбек Исоқҷонов се гол зада, айни замон аз зумраи нишонзанҳои беҳтарини чемпионати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон КМВА моҳи апрел бо роҳбарии Файз Давлатов чор бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш пирӯзӣ ба даст овардааст. Онҳо дар сафар «Вахш» (1:0), «Эсхата» (2:0) ва «Равшан» (1:0)-ро мағлуб намуда, дар хона бар «Барқчӣ» (2:1) зафар ёфтанд.
Илова бар ҷоизаҳо беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи апрел дар Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо 3000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.


