Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба бозигарон, ҳайати мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Сардор»-и Турсунзода барои ишғоли ҷойи дуюм дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 медалҳои нуқра супорида шуданд.
Бо касби мақоми дуюм дар ҷадвал, «Сардор» барои роҳ ёфтан ба Лигаи олӣ бозиҳои гузаришӣ анҷом дод. Дар рақобатҳои гузаришӣ дастаи Турсунзода бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ рақобат карда, дар натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 2:2 ва 2:0 пирӯз шуд ва ба Лигаи олии Тоҷикистон роҳхат гирифт.
Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз, 30 декабр дар тарабхонаи «Community»-и Душанбе баргузор шуд. Директори генералии 🇹🇯 Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФТ Сӯҳроб Ҳамидов ба бозигарон ва футболбозони «Сардор» медалҳои нуқраро тақдим намуданд. Онҳо зимни суханрониҳои худ бошгоҳи «Сардор»-ро барои дастоварди таърихӣ табрик гуфта, ба даста дар мавсими нави футбол муваффақият орзу карданд.
