Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар бо раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Сафар Олимзода мулоқоти корӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, инчунин директори генералии Лигаи футболи мамлакат Субҳон Шодиев иштирок доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ФФТ дастаи «Шоҳмансур»-и Душанберо барои ишғоли ҷойи дуюм дар марҳилаи ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон ва баромадан ба Лигаи якум табрик гуфтанд.
Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода таъкид кард, ки роҳбарияти ноҳия ба дастаи «Шоҳмансур» дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.
