Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм баргузор шуд. Мусобиқа аз 26 ноябр то 3 декабр дар Душанбе баргузор мешавад.
🔺 Ғолибон ва ҷоизадорони лигаи дуюм аз минтақаҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун дар қисми ниҳоӣ иштирок мекунанд.
🔹 Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуд.
▫️ Ба гурӯҳи «А» «Меҳргон» (Нуробод), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Локомотив» (Душанбе) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ) дохил гардиданд.
▪️ Ба гурӯҳи «Б» «Гулистон» (Гулистон), «Помир» (Хоруғ), «Спитамен» (Спитамен) ва «Рахш» (Восеъ) шомил шуданд.
🔸 Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо дар як давра бозӣ мекунанд. Сипас ду дастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд, ки онҷо ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил медиҳанд.
🏟 Ҳамаи бозиҳои қисми ниҳоии лигаи дуюми Тоҷикистон дар майдонҳои асосӣ ва захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
🔻 Мувофиқи низомнома ғолиб ва ҷоизадорони марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои Лигаи дуюм ҳаққи ширкат дар Лигаи якумро дар соли оянда пайдо мекунанд.
