Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2025 миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар ҳузури 13 850 тамошобин баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ба фоидаи “Регар-ТадАЗ” анҷом ёфт.
Голҳоро аз ҳайати “Регар-ТадАЗ” Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 7-ум, Самандар Қодиров дар дақиқаи 21-ум, Шуҳрат Элмуродов дар дақиқаҳои 86-ум ва 90+1-ум, Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 90+7-ум ба самар расониданд. Дар дақиқаи 90+1-ум Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Эсхата” корти сурх гирифт.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ Шервонӣ Матабшоев аз ҳайати “Регар-ТадАЗ” эътироф гардид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Эсхата” бори аввал дар таърихи хеш дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ кард. “Регар-ТадАЗ” бори 8-ум ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.

