Дар Душанбе мулоқоти кории директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва директори иҷроияи Лигаи касбии футболи Қирғизистон Қанат Асенов баргузор гардид.
Зимни суҳбати судманд ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба миёни лигаҳои футболи ду кишварро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба табодули таҷриба, фиристодани мутахассисон барои такмили ихтисос, инчунин баргузории мусобиқаҳои муштарак, семинарҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои футбол равона карда шуд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки рушди ҳамкориҳои лигаҳои футболи Тоҷикистону Қирғизистон ба таҳкими муносибатҳои бародаронаи кишварҳо ва ба рушди минбаъдаи футбол дар минтақа мусоидат хоҳад кард.