Имрӯз, 9-уми апрел, дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт ҷаласаи васеи кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарони бошгоҳҳо ва сарони фан-клубҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҷониби ФФТ ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Субҳон Шодиев ҳузур доштанд.
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд. Роҳбарияти ФФТ вазифа ва самти фаъолияти комиссияи мазкурро шарҳ дода, ба ҳозирин ҳайати комиссия муаррифӣ гардид. Комиссияи назорати молиявии клубҳо аллакай нақша тартиб дода, дар асоси он муҳосибони дастаҳо ҳисоботи молиявии дастаҳои худро хоҳанд супорид.
Инчунин масъалаи муҳими ҷаласа фаъолияти ҳуқуқии клубҳо бо бозигарони хориҷӣ гардид, чун замони охир ҳолатҳои баҳснок миёни бошгоҳҳо ва футболбозони хориҷӣ, ки то сатҳи ФИФА бароварда мешавад, зиёд шудааст. Ба роҳбарон ва ҳуқуқшиносони бошгоҳҳо тавсияҳои мушаххас барои пешгирии ҳолатҳои баҳсбарангез бо бозигарони хориҷӣ дода шуд.
Роҳбарони бошгоҳҳо бошад ҳисобот оид ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои бандҳои Протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе, Президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 3-юуми феврали соли 2025 пешниҳод карданд.
Дар ин замина муҳимияти баргузории мавсими дуюми озмуни “Беҳтарин мухлиси сол” матраҳ гардид. Ба роҳбарони фан-клубҳо тағиру иловаҳо дар низомномаи озмун ва шартҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти фан-клубҳо фаҳмонда шуда, комиссияи назоратӣ интихоб гардид.
Дар фарҷом инчунин баъзе аз масъалаҳои ҷории футболи бошгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.